«Иқдоми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Душанбе, 6. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз 9 то 11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 баргузор мегардад.
Вобаста ба ин имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар мавзӯи «Иқдоми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони корпусҳои дипломатӣ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш аз ҷумла зикр гардид, ки дар ҳақиқат мушкилии норасоии об, кам шудани сарватҳои ғании обӣ, муфлис гардидани сарчашмаҳои оби тоза, истифодаи зиёди об дар соҳаи кишоварзӣ ва корхонаҳо, ифлосшавии дарёҳо, зиёдшавии аҳолӣ ва офатҳои табиии марбут ба об аз ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкории муштаракро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тақозо мекунад.
Мушкилоти об ҳамасола мақоми ҷаҳониро ба худ касб мекунад. Он имрӯз мавзӯи мубрами рӯз барои тамоми ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, байнидавлатӣ, минтақавӣ ва пажӯҳишгоҳи байналмилалии молиявӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар назди ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли ин мушкилӣ вазифа ва уҳдадориҳои зиёд, ки бо таъмини инсоният бо об ва пешгирии таъсири офатҳои табии алоқаманд аст, пеш омадааст.
Бо назардошти мақоми ҷаҳонӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки бо мусоидати яктарафа давлатҳо наметавонанд, натиҷаҳои дилхоҳро дар ҳалли мушкилоти об ба даст оранд. Ҳолати кунунӣ амалигардонидани чораҳои муштараки ҷомеаи байналмилалиро тақозо мекунад. Ин дар навбати худ амалӣ намудани ҳамкориҳо байни давлатҳо ва минтақаҳои ҳавасмандро дар назар дорад.
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии Конфронси дар пешистода баррасии фарогири масъалаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 мебошад, ки баъдан дар гузаронидани бознигарии фарогири раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ ва пешниҳоди натиҷаҳои он ба таваҷҷуҳи ҷомеаи васеи байналмилалӣ нақши калидӣ хоҳад бозид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






