Иқдоми хайрхоҳона
Душанбе, 06.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муҳаммадориф Шарифзода).- Ширкати саҳҳомии кушодаи «ТV Cервис», ки яке аз шабакаҳои пешқадами пахши рақамии барномаҳои телевизион ба шумор меравад, дар ҳошияи дастури Президенти кишвар дар мавриди дароз кардани дасти ёрӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат ба ифтихори 70 — солагии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 тасмим гирифтааст, ки иштироккунндагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист ва собиқадорони меҳнатро аз пардохти маблағи истифодаи шабакаҳои телевизионии ширкати мазкур то 1 январи соли 2016 озод намояд.
Гурӯҳи собиқадорони ҷангу меҳнат, ки аз имтиёзҳои ширкат бархӯрдор шудаанд, лутфу эҳтиромоти худро дар дафтари фикру мулоҳизаҳои он ба таври зерин арза доштаанд: «Аз меҳрубонию ғамхориҳои ширкат нисбат ба мо, пиронсолон, як ҷаҳон ташаккур мегӯем. Умедворем, ки ҳайати ширкат дар фаъолияти наҷибашон ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар ноил мешаванд. Ба аҳли ширкат саломатӣ ва комрониҳоро таманно дорем».
— Ширкати саҳҳомии пӯшидаи «ТV Cервис» аз соли 2002 фаъолият дошта, 96 шабакаи он иборат аз 3 баста бинандагонро бо хабарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра ошно сохта, теъдоди муштариёни он бештар аз 5000 нафарро ташкил медиҳад, — изҳор дошт раиси ширкат Фазлиддин Наҷмуддинов.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






