Ифтитоҳи Шуъбаи милитсияи Ромит
Душанбе,25.05.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар ноҳияи Ваҳдат Шуъбаи милитсияи Ромит мавриди истифода қарор дода шуд. Шуъбаи милитсияи Ромит аз бинои сеошёна иборат буда, дар он 12 утоқи корӣ барои фаъолияти нозирони минтақавӣ ва кормандони фаврӣ, қисми навбатдорӣ, утоқи қабули шаҳрвандон, толори варзишӣ, синфхона, ҳаммом ва дигар нуқтаҳои маишӣ бо тамоми шароитҳои зарурии хизматбарӣ таъмин гардидааст. Ҳамчунин дар шафати он барои машғул шудан ба варзиш майдончаи волейболбозӣ бунёд гардида, ҳайати шахсии шӯъба пайваста мусобиқаҳои гуногун доир менамоянд.
Шуъбаи милитсияи Ромит бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, ҳукумати шаҳри Ваҳдат ва сокинони ноҳия сохта шуда, барои хизматрасонии чор ҷамоати деҳоти минтақа: Симиганҷ, Чуянгарон, Нуъмон Розиқ ва Ромит пешбинӣ гардидааст. Аҳолии ҷамоатҳои мазкур дар маҷмӯъ беш аз 90 000 нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Хусрав Солиҳов, корманди ВКД дар маросими кушодашавии Шуъбаи навтаъсиси милитсия вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки дар мубориза бо ҷинояткорию ҳуқуқвайронкуниҳо, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ робитаи мардум бо милитсия бениҳоят муҳим аст.
Раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода аз ҳамкориҳои пайваста ва судманд бо кормандони милитсияи ШВКД дар шаҳри Ваҳдат изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки тинҷиву оромии кишвар аз ҳар шаҳрванд вобастагии калон дорад.
Чуноне ки дар суҳбат бо мо сардори шуъбаи мазкур майори милитсия Давлатҷон Абдулҳаев иброз дошт, чунин шароитҳо имкон медиҳанд, бо аҳолӣ робитаи зичтар дошта, дар ҳамкорию ҳамбастагӣ бар зидди ҳама гуна қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо мубориза барем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






