Интиқоди вазирон аз фаъолияти ФИФА
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Дирӯз вазирони умури хориҷии Фаронса ва Бритониё бо танқиди сахт аз амалкардҳои Федератсияи байналмилалии футбол хостанд, ки ҷаласаи интихоби раиси ин созмон ба таъхир андохта шавад. Лаурент Фабиус, вазири хориҷии Фаронса гуфт, баъди боздошти чанд мақоми ФИФА дар Сюрихи Швейтсария беҳтар аст ҷаласаи интихоби раиси нави ФИФА ба вақти дигар гузошта шавад.
Бояд зикр кард, ки дар ҷаласаи солонаи Федератсияи Байналмилалии Футбол, ки қарор аст рӯзи 29-уми май сурат гирад, Сепп Блаттер, раиси феълии ФИФА ва Шоҳзода Алӣ аз Ӯрдун номзад ба мақоми раиси созмон ҳастанд. Филипп Ҳаммонд, вазири хориҷии Бритониё рӯзи 28-уми май ба хабарнигорон гуфт, ки “зоҳиран дар дили ФИФА, мушкиле вуҷуд дорад” ва бояд онро ислоҳ кунанд. Ёдовар мешавем, ки УЕФА, созмони федератсияҳои футболи Аврупо хост, ки ҷаласаи интихоби раиси нав то ним соли дигар ба таъхир андохта шавад. Дар айни замон намояндагони созмонҳои футбол ва сиёсатмадорони кишварҳои гуногун аз Сепп Блаттер хостанд, ки аз мақомаш истеъфо бидиҳад. Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 28-уми май, маъмурони пулиси Швейстария 7 мақоми ФИФА-ро бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






