Исфара: Навсозии мактаб барои беш аз 600 хонанда
Душанбе, 26.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт дар маросими ифтитоҳи ошёнаи сеюми таъмиршудаи мактаби миёнаи рақами 39-и ноҳияи Исфараи вилояти Суғд иштирок намуд.
Тавре ки дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафорати мазкур бо роҳбарияти ноҳияи Исфара дар масъалаи таъмири мактаби миёнаи рақами 39 ва барои таъмини кӯдакон бо имкониятҳои беҳтари донишомӯзӣ ҳамкории зич дошта, ошёнаи сеюми таъмиршуда ғунҷоиши мактабро афзун хоҳад кард. Ин таъмир ба талабагон имконияти хондани дарс дар синфхонаҳои босифатро медиҳад.
Гуфта мешавад, мактаби миёнаи рақами 39 аз 30 синфхона иборат буда, дар он 642 хонанда таҳсил мекунад. Қисми таъмиршуда пурра бо мизҳои дарсӣ ва тахтаҳои синфӣ таъмин шудааст.
Ёдрас мешавем, ки гурӯҳ оид ба корҳои шаҳрвандии Сафорати ИМА, ки барои рушди маорифу тандурустӣ кумак мерасонад, лоиҳаи мазкурро маблағгузорӣ намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






