Иштирокдорони ҶБВ дар ҳалқаи наврасон
Рашт, 5.05.2015. (АМИТ «Ховар», Мирзосафари Ризвон).- Вақте номи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро ба забон меорем, пеши назар симои инсонҳои шарифе ҷилвагар мешавад, ки сари синаи онҳоро ордену медалҳои ҷангӣ оро додаанд. Ин ордену медалҳо гувоҳи дар ҳифзи Ватан ҷонбозиҳо кардани онҳост. Агар аз онҳо дар хусуси корнамоиҳои майдонҳои набард пурсем, бо як фурӯтанӣ: «Ватан дар хатар буд. Мо онро муҳофизат кардем, қарзи фарзандиро ба ҷо овардем»,- мегӯянд онҳо.
Дар арафаи иди Ғалаба собиқадорони ҶБВ ба пириашон нигоҳ накарда, хеле сертараддуд мешаванд. Онҳоро зуд-зуд барои вохӯрӣ бо мактаббачагон даъват менамоянд, то ба наврасон аз ҳаёти ибратомӯзи ҷангӣ ва меҳнатии худ сухан гӯянд. Мактаббачагон аз ин вохӯриҳо дарси мардонагиву ҷасорат мегиранд, меҳрашон ба Ватан дучанд меафзояд, ҳисси ватандӯстӣ дар қалбашон аланга мезанад.
Чанде пеш чунин як вохӯрии шавқовари ветеранҳои ҷангу меҳнат Алӣ Раҷабов ва Сафол Мирзоев бо хонандагону омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумии миёнаи рақами 1-и шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт доир гардид. Алӣ Раҷабов аз ҳаёти давраи ҷанг ва ғалабаи Армияи Шӯравӣ бар Германияи фашистӣ ёддоштҳои ҷолибашро ба хотир овард.
Сарвари мактаби мазкур Ибодат Салоҳова ба собиқадорон аз номи хонандагону омӯзгорон изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






