Иштироки Қ. Расулзода дар ҷаласаи сарвазирони кишварҳои ИДМ
Душанбе, 29.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар минтақаи Боревои вилояти Акмалаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии сарони ҳукуматҳо — сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ доир шуд. Ҳайати Тоҷикистон дар кори ин ҷаласа таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок кард. Тибқи рӯзномаи кории ҷаласаи навбатии шӯро дар ҷараёни он маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамгироиҳои байнидавлатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласа нақшаи амалҳои муштараки кишварҳои ИДМ — ро оид ба муҳимтарин масоили молиявию иқтисодӣ қабул карда, стратегияи таъмини бехатарии нақлиётӣ дар қаламрави ИДМ, маҷмӯи чорабиниҳои дастаҷамъӣ барои солҳои 2015-16, оид ба татбиқи барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ дар давраи то соли 2020 ва як силсила консепсия ва барномаҳои дигари ҳамкории минтақавию наздисарҳадӣ, ҳарбӣ-варзишӣ ва фарҳангию гуманитариро тасдиқ намуданд. Дар баробари қабул ва ба имзо расонидани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои рӯзномаи кории ҷаласа, сарони ҳукуматҳо — сарвазирони кишварҳои узви ИДМ ҳамзамон масоили молиявию буҷетӣ ва кадрии марбут ба сохторҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ — ро муҳокима намуданд.
Бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон қарор дода шуд, ки ҷаласаи навбатии шӯрои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони кишварҳои узви ИДМ моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад. Дар доираи баргузории нишасти навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви ИДМ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо роҳбарони ҳайатҳои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ иштирок намуда, бо Сарвазири ҷумҳурии Беларус Андрей Кобяков ва Сарвазири ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев мулоқот кард. Дар мулоқотҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ҳукумати ҶТ бо ҳукуматҳои Беларус ва Қирғизистон мавриди муҳокима қарор дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






