Иштироки 12 нафар дар Олимпиадаи донишҷӯён
Душанбе, 5.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 7-8 май дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаронида мешавад, 12 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат хоҳанд намуд. Дар ин бора сардори раёсати таълими донишгоҳ Саидқаҳҳор Ёқубов иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки 12 нафар донишҷӯ аз 16 факултаи донишгоҳ интихоб гардида, дар даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи равияҳои фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи инфарматсионӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология — экология, назарияи иқтисодӣ, фалсафа ва сиёсатшиносӣ иштирок хоҳанд намуд. Донишҷӯёнро дар ин даври олимпиада 8 нафар устоди варзида роҳбаладӣ менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






