Иштироки «Баҳористон» дар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон
Душанбе, 26.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар Қасри «Арбоб» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи ҷавонон маросими ботантана баргузор шуд.
Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи вилояти Суғд дар ҳошияи ин чорабинӣ намоишгоҳи дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқро доир намуд, ки дар он осоишгоҳи «Баҳористон» иштирок дошт.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни шиносоӣ бо намоишгоҳ ба дастовардҳои осоишгоҳи «Баҳористон» дар амри ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ва шароити истироҳату муолиҷа дар он таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Раиси вилоят изҳор дошт, ки ҷавонон дар ҷаҳони имрӯза қувваи бузурги ҳаракатдиҳандаю бунёдкорӣ ба шумор мераванд. «Ҳукумати Тоҷикистон ба таълиму тарбия ва ташаккули наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои таҳсили онҳо дар донишкадаҳои беҳтарини кишвар ва хориҷа шароити зарурӣ фароҳам меорад», — зикр намуд Абдураҳмон Қодирӣ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






