Иштироки Э. Раҳмон дар Паради ҳарбии 70-солагии ғалаба бар фашизм
Душанбе, 09.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Сурхи шаҳри Маскав шоҳиди Паради ҳарбии бахшида ба солгарди 70-ум аз ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ гардид.Ба ин муносибат ба шаҳри Маскав сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои беш аз 30 кишвари ҷаҳон ташриф оварданд.Меҳмонони олимақомро Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин истиқбол гирифт.Сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом ба болои минбари тамошогоҳ гузашта, нахуст собиқадорони ҷангро, ки зиёда аз 2 ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни дар он пирӯзии бузург саҳмгузошта ҷамъ омада буданд, табрику таҳният гуфтанд.Дар Паради ҳарбии бошукӯҳи бахшида ба ин санаи пурифтихор беш аз 16 ҳазор афсарону сарбозон аз Федератсияи Русия ва кишварҳои зиёди дигар иштирок намуданд. Дар миёни онҳо як воҳиди низомии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳам ширкат варзид. Хотиррасон бояд намуд, ки дар ҷанги бузурги зидди фашизми гитлерӣ зиёда аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ҳам саҳми намоён гузошта, қариб 100 ҳазори онҳо барои таъмини ғалаба ва ҳаёти осоиштаи наслҳои оянда ҷони худро фидо кардаанд. Беш аз 60 нафари онҳо бо унвони олии қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидаанд.Тавре борҳо зикр гардид ва ҳам ба ҳамагон аён буд, Паради ҳарбии 70-солагии Ғалабаи бузург бо иштироки шумораи зиёд ва намунаҳои навтарини техникаи ҳарбии заминию ҳавоӣ аз бузургтарин чунин чорабиниҳо дар таърихи муосири Федератсияи Русия аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






