Иштироки гӯштингирони тоҷик дар мусобиқаи Испания
Душанбе, 19.05.2015. («АМИТ Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- 15-17 майи соли равон дар давлати Испания мусобиқаи байналмилалӣ оид ба намуди гӯштини тарзи озод баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик низ ширкат варзиданд.
Мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи дараҷаи Класс-А сурат гирифта, дар он варзишгарон аз Аврупо ва Осиё байни ҳам рақобат намуданд Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷик Фирӯз Ёқубов дар вазни 96 кг ҷои аввал ва Анушервон Умаров дар вазни 120 кг ҷойи дуввумро соҳиб гардиданд. Ғолибони мусобиқа бо медал ва ҷомҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






