«Истиқлол» бо «Газовик» вомехӯрад
Душанбе, 18.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон клуби футболи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе бо клуби «Газовик» — и шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия, ки дар Лигаи миллии футболи Русия қувваозмоӣ менамояд, вомехӯрад.
Назар ба иттилои сомонаи расмии клуби «Истиқлол», ин вохӯрӣ 21 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати «Газовик» муҳофизи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Фарҳод Восиев қувваозмоӣ менамояд. Номбурда аз соли 2013 узви клуби Оренбург мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






