Кӯчае дар Истаравшан номи Аҳрор Мухторовро гирифт
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор Аҳрор Мухторов номгузорӣ шуда, дар саргаҳи он лавҳаи ёдгорӣ насб гардид.
Гуфта мешавад, ки академик Аҳрор Мухторов тамоми умри пурбаракати худро ба илми тоҷик бахшида, беш аз 80 китоб ва рисолаи илмиву таълимӣ дар соҳаҳои катибашиносӣ, таърихи фарҳанг, таърихи асрҳои миёна ва ҳамчунин адабиётшиносӣ эҷод намуда, дар рушди илми тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Яке аз дастовардҳои муҳими олим бозёфти сангнавиштае бо дасти Бобур аз деҳаи Оббурдони Мастчоҳи Куҳӣ мебошад. Ин бозёфт имрӯз Осорхонаи таърих, этнография ва бостоншиносии Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиннат медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






