Конфронс бахшида ба Ҳафтаи китоб
Тоҷикобод, 04.05.2015. (АМИТ «Ховар», М. Ризвон).-Дар бинои китобхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» конфронси адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид.
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 деҳаи Капалӣ Сӯҳроб Ваҳҳобов, адибон Баёни Хоҷа ва Давлатмуроди Баллаҷон доир ба мақоми китоб дар тарбияи маънавии инсон сухан карданд. Шеъру сурудхонии хонандагон ва ҳунарнамоии сарояндаи хушовози ансамбли рақсу таронаи назди бахши фарҳанги ноҳия Зайнаб Аҳмадҷонова дар қисмати дуввуми конфронс хеле гуворову хотирмон буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






