Конфронс бахшида ба Иди Ғалаба
Душанбе, 6.05.2015.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ибтикори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)» доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти АИ ҶТ Латиф Латифов иттилоъ дод, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ҳозиринро ба 70-умин солгарди ғалаба бар фашизм самимона шодбош гуфта, аз далерию корнамоиҳои ҷанговарони тоҷик сухан гуфт.
Дар конфронс олимони таърихшинос академик Раҳим Масов, номзадҳои илми таърих Абдулло Ғафуров, Намоз Ҳотамов, Рақиб Абдулҳаев, Ваҳҳоб Набиев, Баҳринисо Қобилова, Насрулло Убайдуллоев, намояндаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар анҷоми конфронс рӯнамоии филми ҳуҷҷатии «Сарбозони бесилоҳ», ки бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, доир гардид. Филми мазкур ба корнамоии халқи тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бахшида шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






