Конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бахшида ба 50-умин солгарди таъсиси Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-6 майи соли 2015 Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Китобхонаи давлатии патентию техникӣ-50 соли фаъолият, рушд ва дастовардҳо» баргузор гардид.
Дар конфронс маърўзаи директори Китобхонаи давлатии патентию техникӣ Боймурод Боев шунида шуд, ки дар он таърихи пайдоиш, фаъолияти 50-сола, вазъи кунунӣ ва рушди он пешниҳод шуд.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод вобаста ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи китобдорӣ аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат маълумоти дахлдорро ба иштирокчиёни чорабинӣ манзур намуд.
Аз тарафи ташкилкунандагони конфронс барои кулли иштирокчиён китобҳои тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Бист қадами созанда» ва «О времени и о себе», инчунин маҷаллаи махсуси ҷашнии «Китобдор» тақдим шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






