Корҳои фардӣ бо усули «Хона ба хона»
Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Миллати тоҷик дар ташаккул ва пойдории оила ва муносибатҳои оилавӣ мактаби худро дорад. Дар тарбияи фарзандон, дар хонадор намудани ҷавонон, дар сохтани муносибатҳо байни аъзои оила фарҳанг ва анъанаи худро дорост. Хусусан шахсони рӯзгордида ва таҷрибадор метавонанд фарҳангу анъанаи хуби рӯзгордориро ба оилаҳои ҷавон нишон диҳанд ва дар пешгирӣ ва рафъи мушкилоту нофаҳмиҳо ба таври дастаҷамъӣ саъю кӯшиш намоянд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии ҳолатҳои номатлуб ва дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани чорабиниҳои «Соли оила» корҳои фардиро бо оилаҳо аз рӯи усули «Хона ба хона» ба роҳ мондааст.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳисоби раисони шӯроҳои занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони мактаб, раисони шӯроҳои духтарони муассисаҳои таълимӣ, гуруҳҳо ташкил карда, корҳои фардиро бо оилаҳо аз рӯи усули «Хона ба хона» ба роҳ монда,дар ҷамоатҳои деҳоти Чимтеппа, Гулистон, Сарикиштӣ, Чоргултеппа шаҳраки Сомониён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила чунин усул дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






