Кумаки КҶВС ба маъюбон дар доираи 30 Рӯзи ҷавонон
Душанбе, 28.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз дар доираи 30 рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоӣ масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ду ҷавондухтари маъюб ва як оилаи ҷавони ниёзманди шаҳри Душанберо аёдат намуда, ба онҳо барои беҳдошти вазъи саломатӣ ва зиндагӣ аробачаи маъюбӣ ва мошинаи дарздӯзӣ такдим намуданд.
Инчунин барои баланд бардоштани савияи донишу заковат, мусоидат барои омӯзишу мутолиаи ашъори шоиру нависандагон ба ҷавондухтарон китобҳои илмиву адабӣ супорида шуданд.
Ба гуфтаи масъулин ин табақаи ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати кишвар буда, барои беҳтар гардидани вазъи зиндагӣии онон тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Гуфта мешавад чунин иқдом дар доираи моҳи ҷавонон аз тарафи сохторҳои махаллии Кумитаи чавонон дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ роҳандозӣ шуда истодаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






