Кумакпули ба Ислом Икромов- бозингари дастаи “Энергетик”
Душанбе, 04.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе ба бозингари собиқи дастаи “Энергетик” Ислом Икромов, ки чандин сол боз гирифтори бемории фалаҷ буда, бемори бистарист, барои табобат кумаки молиявӣ расонид.
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, аз ҷониби клуби футболи пойтахт ба Ислом ёрии молиявӣ расонида шуд. Ёрии молиявиро дар ҳаҷми 5000 доллари ИМА аз номи президенти клуб Шоҳрух Саидов ба Ислом бозингарони даста Нуриддин Давронов, Петро Ковалчук ва Бледа Родригес расониданд.
Ислом миннатдории самимонаи худро ба роҳбарияти клуби футболи “Истиқлол” баён карда, изҳор намуд, ки ин маблағ ба ӯ имкон медиҳад, ки дар осоишгоҳи ба номи Бурденкои шаҳри Сочи табобат бигирад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






