Курсҳо барои занони роҳбар
Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ибтикори Агентии хизмати давлатӣ 11 май дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳо будаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар мавзӯи «Менеҷменти нави давлатӣ» баргузор гардид.
Ба курси мазкур қариб 90 нафар шунаванда ҷалб гардид. Ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ Лутфия Абдухолиқзода, мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо Шарифҷон Ҳакимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, муовини аввали Агентии хизмати давлатӣ Гурез Қосимзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ М.Муинӣ сухан гуфтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ташкили чунин курсҳо барои такмили донишу малака ва маҳорати роҳбарии занони боистеъдод кумак мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






