Лавҳаи хотиравӣ дар Кӯлоб
Кулоб,08.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).- Дар арафаи ҷашни Ғалаба дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Раёсати собиқадорони садамаи Чернобил лавҳаи хотиравӣ кушода шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва масъулини вилоят ширкат варзида, тамоми иштирокдорони ҷанг, меҳнаткашони ақибгоҳ ва собиқадорони меҳнатро ба муносибати 70-умин солгарди Ғалабаи халқи шӯравӣ бар Германияи фашистӣ табрик намуданд.
Роҳбарияти вилоят ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр бар пояи лавҳаи хотиравӣ гулчамбар гузошта, бо лаҳзае сукут хотири шаҳидони Ватанро пос доштанд.
Бояд зикр намуд, ки дар ин ҳодисаи мудҳиш зиёда аз 700 нафар шаҳрванди вилояти Хатлон иштирок намуд. Маъюбону иштирокчиёни садамаи Чернобил ҳамеша таҳти назорати Ҳукумати кишвар мебошанд.
Дар арафаи иди Ғалаба аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба маблағи 200 сомонӣ ва аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






