Лоиҳаи ҷадид бо мақсади тараққиёт
Душанбе,15.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-14 май намояндаи Ташкилоти амонатии қарздиҳии хурди «Имон Интернешнл» Нозимҷон Раҷабов доир ба лоиҳаи «Баланд бардоштани имконоти иқтисодӣ ва молиявии ҷавонон дар шароити иқтисоди бозорӣ» бо донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) тренинг гузаронд.
Тавре ки аз ДМИТ иттилоъ доданд, сардори раёсати таълим Амрулло Нуралиев зикр кард, ки мақсади вохӯрӣ баланд бардоштани саводнокии молиявии донишҷӯён ва огаҳӣ пайдо намудани онҳо аз фаъолияти ташкилотҳои хурди қарзӣ ва бонкӣ мебошад.
Намояндаи ТАҚХ Имон Интернешнл Нозимҷон Раҷабов доир ба фаъолияти ин ташкилот ва хизматрасониҳои он маълумот дода, афзуд, ки ТАҚХ «Имон Интернешнл» лоиҳаи наверо барои баланд бардоштани имконоти иқтисодӣ ва молиявии ҷавонон дар шароити иқтисоди бозорӣ роҳандозӣ намудааст, ки барои донишҷӯёни дар риштаи иқтисод ва молия таҳсилкунанда пешбинӣ шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






