Мақоми занон дар бахши оби Тоҷикистон
Душанбе, 13.05.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз, 13 май, шабакаи созмонҳои мушорик оид ба таъмини обрасонии устувор ва беҳдошт бахшида ба мақоми зан дар бахши оби Тоҷикистон ҷаласа доир менамояд. Чорабинии мазкур бо ибтикори Оксфам дар Тоҷикистон дар ҳошияи лоиҳаи «Обрасонӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон», ки онро Агентии рушду ҳамкории Швейтсария маблағгузорӣ намуда, зимни ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ амалӣ мегардад, роҳандозӣ мешавад.Яке аз вазифаҳои асосии ин чорабинӣ иборат аз ташкили гурӯҳи миллии кории «Гендер (баробар кардани ҳуқуқи марду зан) ва об дар Тоҷикистон» мебошад. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, ки мақомоти ваколатдори рушди сиёсати гендерӣ ва стратегия дар сатҳи миллӣ ба шумор меравад, пешсафи гурӯҳи кории мазкур маҳсуб меёбад. Мароми гурӯҳи корӣ роҳандозии хулосаи умумии масоили гендерӣ дар бахши оби Тоҷикистон, аз ҷумла идораи захираҳои об, пешқадамии занон ва иштироки онҳо дар ин бахш мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






