Маҳфили ҳофизхонӣ дар КМТ
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) маҳфили ҳофизхонӣ доир гардид. Ҷамъомадро директори китобхона Сайфиддин Назарзода оғоз бахшид. Садри маҳфил донишманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломов ғазали «Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад»-ро шаҳр дод. Сипас донишмандони риштаи адабиётшиносӣ Рустами Ваҳҳоб, Баҳриддин Мақсудов, Боймурод Шарифзода андешаҳои худро дар бораи ғазали мазкур баён доштанд. Маҳфил хеле ҷолиб ва диққатҷалбкунанда буд.
Шарҳу тафсири ҳар байти Ҳофиз як ҷаҳон маънӣ ва лаззати махсус дорад. Асрҳои аср ва солҳои сол байни муҳаққиқон баҳри тафсири ҳар байту ғазали алоҳидаи шоири лисон-ул-ғайб Ҳофизи Шерозӣ баҳсу мунозираҳои хеле зиёд вуҷуд дошту дорад. Ҳофизро ҳар шахс бо завқу фаҳмишу салиқаи хеш дарк менамояд ва бузургии Ҳофиз ҳам дар ҳамин аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






