Маҳфили “Базми бохосият” дар Кӯлоб
Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб маҳфили 40-солагии фаъолияти эҷодии шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода таҳти унвони “Базми бохосият” баргузор гардид, ки он барои ҷавонону ҳавасмандони шеъру суруд дарси маърифат гардид.
Ашъори адибаи ширинкалом мавзӯъҳои гуногунро дар бар гирифта, бештарашон дар мавзӯъҳои лирикӣ ва сулҳу ватандӯстӣ навишта шудааст. Чунончӣ ба ҳамагон маълум аст, шоира бо эҷоди як зумра китобҳо, аз ҷумла “Лаҳзае бо ту будан”, “Таронаи ишқ”, “Меҳани чон Тоҷикистон”, “Садоқати сапед” ва амсоли инҳо шӯҳрат пайдо намудааст, ки хонандагони каломи бадеъ аз онҳо баҳра мебаранд.
Дар маҳфили идона иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло ва кормандони касбу кори гуногун, хусусан доираи адабии минтақаи Кӯлоб, сарояндагони маҳбуб, ки бештар аз чакомаҳои Хосият Вализода суруд месароянд, ширкат намуда, базми меҳрро дар ҳалқаи дӯстдорони каломи маънӣ доир намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






