Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тасдиқ карда шуд.
Низомномаи намунавии Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомӣ ва Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020, Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ тасдиқ гардида, Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ таъсис дода шуд.
Лоиҳаи ду қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати маъдани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкории илмию техникӣ ва Нақшаи генералии маркази ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон тасдиқ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи босамари санадҳои қабулгардида ва ҳалли дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






