Маҷмӯаи нав барои хизматчиёни ҳарбӣ
Душанбе, 25.05.2015 (АМИТ «Ховар», Манижаи Баҳромзода).- «Саволу ҷавоби ҳарбӣ»-таҳти чунин унвон маҷмӯаи нави Шукӯҳ Бозоров-донишҷӯи курси 3-юми факултети журналистикаи ДМТ ба нашр расид. Маҷмӯа 330 саволу ҷавобро дар бар мегирад, ки барои кормандони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, донишҷӯёни макотиби ҳарбӣ ва инчунин барои мактаббачагони синфҳои 9-10 ва 11 пешбинӣ шудааст. Дар китоб суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шеърҳо ва рубоиҳо дар васфи Ватан, оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дар саҳифаҳои охири он луғати мухтасари русӣ-тоҷикии истилоҳот ва мафҳумҳои асосии Оинномаи сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар оварда шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






