Марҳилаи ниҳоии Спартакиада оғоз ёфт
Душанбе, 04.05.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ ).-Пас аз ҷамъбасти марҳилаи якум ва дуюм дар корти тенниси шаҳри Душанбе маросими расмии кушодашавии марҳилаи ниҳоии Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо иштироки 3000 ҷавону варзишгар оғоз ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод.
Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, Вазорати маориф ва илм ширкат варзида, аз дубора эҳё гардидани Спартакиада истиқбол намуданд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ изҳор дошт: «Мо аз ин меболем, ки оммаи васеи варзишгарони тоҷик аз рӯзҳои нахусти соҳибистиқлолӣ бо амри дил ва қарзи виҷдон дар аксар сабқатҳои сатҳашон бонуфузи байналмилалӣ ва Бозиҳои олимпӣ иштирок карда, шараф, обрӯ ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сари боло ҳифз карда истодаанд».
Дар чорабинии варзишӣ донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи технологӣ Орипова М. Муроҷиатномаи иштирокчиёни Спартакиада ба ҷавонони кишварро бо шиори «Варзиш- саҳнаи номуси миллат» ва «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!» бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ қироат намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар марҳилаи 1 ва 2 Спартакиада, ки дар давоми ду моҳ (март ва апрел) соли 2015 давом кард, донишҷўёни 33 муассисаи таҳсилоти олӣ (ВМКБ-1 адад, Хатлон-5 адад, Суғд-6 адад, Душанбе-20 адад, Рашт-1) иштирок намуданд.
Марҳилаи ниҳоии Спартакиада аз рӯи 10 намуди варзиш сурат гирифта, то 23.май идома меёбад. Ғолибон дар Рӯзи ҷавонони қадрдонӣ хоҳанд гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






