Марафон: «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим»
Душанбе, 13. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва тарғиби ҳаёти солим дирӯз марафони варзишии ҷавонон бо унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» аз шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.
Ба ин муносибат дар пояи парчами миллӣ расми гусели варзишгарон бо иштироки зиёда аз 100 нафар ҷавони маркази вилоят ва масъулини мақомоти маҳаллӣ доир гардид.
Тибқи нақшаи баргузоркунандагони ин чорабинӣ дар давоми панҷ рӯз ҳафт нафар варзишгари вилоят бо роҳи Хуҷанд- Спитамен- Шаҳристон- Айнӣ- Варзоб 16 май ба пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе расида, 17 май дар Дави миллӣ иштирок хоҳанд кард.
Дар расми гусели варзишгарон муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова ширкат намуда ва мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов ширкат намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






