Марафони дави миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон
Душанбе, 08.05. 2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Ҷавонони ВМКБ бо ҳамроҳии ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар ҳайати 14 нафар, вилояти Суғд дар ҳайати 7 нафар, шаҳри Турсунзодаву Қурғонтеппа ва водии Рашт низ дар ҳайати 7 нафарӣ баҳри якдилии ҷавонони ҷумҳурӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва эҳтиром гузоштан ба парчами миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим” тасмим гирифтанд, ки аз шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Турсунзода, Рашт, Қурғонтеппа ва Кӯлоб то Душанбе марафони давро доир намоянд.
Табқи нақша марафон аз тариқи хатсайри зерин амалӣ мегардад:
Оғоз аз шаҳри Хоруғ-Шуғнон-Рӯшон-Ванҷ-Дарвоз-Шӯрообод-Кӯлоб-Восеъ-Данғара-Норак-Ваҳдат-Душанбе дар муҳлати 8 шабонарӯз.
Хуҷанд-Спитамен-Истаравшан-Шаҳристон-Айнӣ-Варзоб-Душанбе дар муҳлати 6 шабонарӯз.
Кӯлоб-Восеъ-Данғара-Норак-Ваҳдат-Душанбе дар муҳлати 5 шабонарӯз.
Рашт-Нуробод-Роғун-Файзобод-Ваҳдат-Душанбе дар муҳлати 5 шабонарӯз.
Турсунзода-Шаҳринав-Ҳисор-Душанбе дар муҳлати 2 шабонарӯз.
Қурғонтеппа-А.Ҷомӣ-Хуросон-Рӯдакӣ-Душанбе дар муҳлати 3 шабонарӯз.
Дар назар аст, ки иштирокчиёни марафон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар Рӯзи дави миллӣ, ки 17-уми май доир мегардад, дар як вакт ба шаҳри Душанбе расида, Парчами миллиро ба иштирокчиёни дави миллӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар маҳаллаи «Чорбоғ» — и ноҳияи Варзоб оғоз мегардад, супоранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






