Марафони хайриявӣ барои муолиҷаи кӯдакони бемории дил
Хуҷанд, 30.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-30 май дар маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд марафони хайриявии якрӯза таҳти шиори “Бетараф набош” баргузор мешавад. Чорабинии мазкур аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, бо ташаббус ва ибтикори Фонди хайриявии “Дили кӯдак” рӯи кор омада, ҳадафи он ҷамъоварии маблағи хайриявӣ аз ҷониби сокинон буда, баъдан дар ин замина гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ба беморон, аз ҷумла кӯдакони дорои бемории дил мебошад.
Инчунин аз 26 то 31 май дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Маркази иҷтимоиву ҳуқуқии “Сарчашма” бо ҳамдастии ТВ “Симои мустақили-1”-и маркази вилоят боз як марафони хайриявӣ таҳти унвони “Хушбахтиро ҳадя кун” ҷараён дорад.
Иқдоми мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон бахшида шуда, ҳадафи асосии он ҷамъоварии бозичаҳои кӯдакона ба ҳисоб рафта, туҳфаҳои ҷамъоваришуда 1 июн аз ҷониби масъулин ба кӯдакони оилаҳои ниёзманд тақдим мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






