Медали биринҷии гӯштигири тоҷик
Душанбе, 26.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- 23 ва 24 май дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Русия мусобиқоти байналмилалии гурӯҳи «А» аз рӯи гӯштии тарзи самбо — «Ёдбуди Юрий Потапов» баргузор гардид, ки дар он беш аз 150 нафар варзишгарони 15 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.
Тоҷикистонро дар мусобиқот донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ардашер Исмоилов дар вазни то 52 килограмм намояндагӣ намуда, бо дарёфти мақоми сеюм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Дар ин бора сардовари мусобиқоти байналмилалӣ, довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Маҳмуд Абдуллоев хабар дод.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






