Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо
Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дастаи дзюдои Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998- 2000- ум, ки рӯзҳои 2- юм ва 3- юми май дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуд, соҳиби медали нуқра гардид.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон паҳлавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Марио Гентнер (Олмон) ва Энеҷ Мариник (Словения) ва Кемал Каитов (Русия) ба финал баромад. Вале Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Инал Тасоеви русиягӣ шикаст хӯрд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Инчунин ба Хуршед Маҷидов Cафири фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов, ки дар ин мусобиқа ба варзишгарони тоҷик мухлисӣ кард, туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.
Ба ҳайати мунтахаби наврасони кишвар се варзишгар шомил буд. Ҷамолиддин Абдуллоев дар рақобатҳои вазни зери 69 кило баъди ду пирӯзӣ бар Амир Даян (Исроил) ва Ноаҳ Ҳеид (Швейтсария), дар даври баъдӣ аз Давид Абдуллоев (Русия) мағлуб гашт. Баъдан Мишел Мишелскии лаҳистониро шикаст дод, вале барои ҷойи севум аз Янник Ван Дер Колк (Ҳолланд) шикаст хӯрд ва дар натиҷа соҳиби мақоми ҳафтум шуд.
Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо дар Олмон 661 варзишгар (370 писар ва 21 духтар) аз 37 кишвар иштирок дошт.
Дар ҳисоби умумидастаӣ тими Русия бо касби 24 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ) ғолиб шуд. Дастаи Ҷопон (5- 0- 2) ҷойи дувум ва тими Бразилия (2-1-2) ҷойи севумро гирифт. Дастаи Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва ҷойи ҳафтум ҷойи 9- умро соҳиб шуд ва аз 28 кишвар пеш гузашт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






