“Мерседес”, “iPhone 6” ва “iPad”- туҳфа дар бозии Тоҷикистон- Урдун
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ »Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 11- уми июн, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи Муҳсин Муҳаммадиев тими миллии Урдунро қабул мекунад. Ин бозӣ соати 20.00 баргузор хоҳад шуд. Бозии нахустини тими Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии гурӯҳии ҶҶ- 2018 мебошад. Дастаи миллии мо дар доираи бозиҳои ин сабқат дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мухлисони футболи кишвар дар ин бозӣ навгонии махсусе омода кардааст. Ҳамаи мухлисони ба варзишгоҳ омада имконияти бурд кардани туҳфаҳоро доранд, ки аз варзишгоҳ савори “Мерседес”, “iPhone 6” ва ё ки “iPad” дар бағал берун шаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






