Минск: “Қаҳрамонон дар хотираҳо зиндаанд”
Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ “Ховар”). — 7 майи соли 2015 дар мактаби миёнаи маълумоти умумии №35 ба номи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Домулло Азизови шаҳри Минск бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти мактаб чорабинии идона бахшида ба 70- солагии Ғалабаи мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баргузор гардид. Меҳмонони чорабинӣ дар назди нимпайкараи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Домулло Азизов гулчанбар гузоштанд.
Дар назди ҷамъомадагон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов аз корномаҳои тоҷикистониёне, ки бо қаҳрамониҳои худ ба кори умумӣ кумак намуда, рӯзи Ғалабаро наздиктар карданд, ёдовар шуд.
“Ҳамон вақт аз Тоҷикистоне, ки аз хати ҷанг фарсахҳо дур буда, аҳолияш 1,5 миллионро ташкил медод, зиёда аз 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафт, 100 ҳазор нафари он аз фронт барнагашт. Зиёда аз 50 ҳазор ҷанговари тоҷикистонӣ бо мукофоту медалҳои гуногун сазовор гардида, 57 нафар бо уновони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва 19 нафар бо се дараҷаи Ордени Шараф мукофотонида шуд”, -зикр намуд сафир.- 70 сол пеш падарону бобоёни мо фақат ба туфайли якҷоягии тамоми сокинони Иттиҳоди Шӯравӣ тавонистанд бар фашистони истилогар ва фашизм Ғалаба намуда, ба ҷаҳон сулҳу суботро баргардонанд”.
Муовини директори мактаб Н.Овчинникова ба ҷамъомадагон оид ба сафараш ба ватани қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Домулло Азизов, ки ба номаш мактаби №35 шаҳри Минск гузошта шудааст, нақл кард. “Дар чаҳорчӯби ҷашнгирии 70-солагии Ғалабаи Бузург ва посдории хотираи қаҳрамонон, ки бо қимати умри худ Рӯзи Ғалабаро наздик карданд, тобистони соли 2014 бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон ва агентии иттилоотии “Авеста”, — мо аз Ватани Домулло Азизов дидан намудем. Дар он ҷо мо бо аҳли оилаи қаҳрамон шиносоӣ пайдо кардем”,- гуфт ӯ.
Хонандагони мактаб бахшида ба корнамоиҳои Домулло Азизов шеър қироат намуданд. Ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ бо дастгирии Сафорат барномаи фарҳангӣ ба намоиш гузоштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






