Минск: Мизи мудаввар:“Об барои ҳаёт”

Май 5, 2015 08:51

Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар»).-30 апрели соли 2015 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар чаҳорчӯбаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мизи гирд доир шуд. 
Дар ҷамъомад намояндагони вазорату идораҳои Беларус, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ИДМ, корпуси дипломатии муқими Беларус, мактабҳои олӣ ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Чорабиниро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов оғоз бахшида, оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, аз ҷумла, роҷеъ ба пешбарии идеяи “Об барои ҳаёт” маълумот дод. Ин ташаббуси Тоҷикистон 23 декабри соли 2003 дар иҷлосияи 58-уми Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби кишварҳои зиёди аъзо дастгирӣ ёфт. Дар ҳамон иҷлосия қарор қабул шуд, ки соли 2005 то 2015-ро  Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон намоянд.
 “Ин пешниҳодро манзур намуда, Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ҳама хоҳони мусоидат ба кӯшишҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои сатҳи байналмилалӣ роҷеъ ба масъалаҳои таъмини об ва дигар масъалаҳои вобаста ба об то соли 2015 буд. Ин уҳдадориҳо ҳамчунин ҳадафҳоро дар соҳаи рушд, ки дар Эъломияи ҳазорсола ҷо ёфтаанд, аз ҷумла, то нисф коҳиш додани шумораи одамоне, ки ба оби ошомиданӣ ва беҳдоштии умумӣ дастрасӣ надоранд, дар бар мегиранд. 
Аз ҷониби худ, тайи даҳсолаи гузашта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мусоидати сохторҳои СММ дар ин мавзӯъ чор конфронси байналмилалӣ баргузор намуд, ки дутои он дар сатҳи баланд буд”, -зикр намуд Қ.Қоимдодов.
Хурсандибахш аст, ки бештари институтҳои СММ, пеш аз ҳама механизми “СММ-Об”, инчунин дигар институтҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ин ҷараён фаъолона ҷалб шудаанд.
Владимир Гаркун — муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ аз нақши фаъоли Тоҷикистон дар масъалаҳои обӣ гуфт. Баргузор намудани конфронсҳо, пешниҳоди ташаббусҳо, ки аз ҷониби бештари кишварҳо дастгирӣ меёбанд ва ба ин мушкил диққати атрофиёнро ҷалб намудан, тасдиқи ин гуфтаҳоянд. “Пешниҳоди нави Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об, ки 12 апрели соли 2015 дар шаҳри Дегуи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, садо дод, хеле муҳим мебошад”, — гуфт ӯ.
Дар чорабинӣ инчунин Ергалӣ Булегенов — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Беларус, Талант Султанов — Кордори Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Беларус, Сергей Завялов — сардори Раёсати танзими таъсир ба ҳавои атмосферӣ ва захираҳои оби Вазорати захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Беларус, Анатолий Клим — дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва байналмилалии Академияи идораи назди Президенти Ҷумҳурии Беларус, Петр Лопух — мудири кафедраи заминшиносии умумӣ ва гидрометеорологияи факултаи ҷуғрофии Донишгоҳи давлатии Беларус ва дигарон сухан карданд. 
Нотиқон муҳим будани қабули ташаббусҳои пешниҳодкардаи Тоҷикистонро, ки барои самаранок идома додани татбиқи чораҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва фаъолона мусоидат намудан ҷиҳати комёб шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола имкон доданд, зикр намуданд.
Иштирокчиёни мизи гирд пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани даври дувуми Даҳсолаи байналмилалӣ зери шиори “Об барои рушди устувор” дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об, ки 12 апрели соли 2015 дар шаҳри  Дегуи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
 
 

Май 5, 2015 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид