Мизи мудаввари САҲА дар шаҳри Кӯлоб
Кӯлоб, 7.05.2015.(АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).- Дар дафтари саҳроии САҲА дар Кӯлоб дар мавзӯи «Ҳалли хушунати хонаводагӣ- омили бунёди муҳити солими оилавӣ» мизи мудаввар барпо гардид, ки дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, васоити ахбори омма, ҷамоатҳо ва ҳукумати шаҳри Кӯлоб ширкат варзиданд. Дар ҳамоиш ёвари барномаҳои САҲА дар шаҳри Кӯлоб Бибихон Қандиева, мушовири САҲА Гулчеҳра Муродова ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Саида Нурляминова перомуни мавзӯъ ҳарф заданд.
Мақсади чорабинӣ пешгирии хушунат дар оилаҳо,таҳлили ҳолат ва чораҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти ҷойдошта, таҷрибаи амалисозии хизматрасонӣ ба ҷабрдидагони хушунатҳои оилавӣ дар маркази захиравии занони шаҳри Кӯлоб буд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






