Мониторинги навбатӣ дар мардикорбозор

Май 14, 2015 09:36

Душанбе, 14.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят дар бозори мардикорони шаҳри Хуҷанд маротибаи дуюм мониторинг гузаронид. Ёдовар мешавем, ки мониторинги якум бо фарогирии наздик ба 100 нафар мардикор 29 апрели соли равон гузаронида шуд. Мақсад аз ташкили ин чорабинӣ шинос шудан бо вазъи бозори дохилии меҳнат, бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, шунидани таклифу пешниҳодҳо, муайян намудани мушкилоту муаммоҳои коргарони кироя, мусоидат ба ҳалли онҳо буд.
Ба ҳайати гурӯҳи корӣ беҳтарин сармутахассисони ин раёсатҳо дохил буда, дар рӯзи гузаронидани мониторинг дар бозори мардикорони шаҳри Хуҷанд аз ҷониби аъзои гурӯҳи муштараки корӣ 30 нафар мардикор пурсида шуд, ки сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Ғончӣ, Зафаробод, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Мастчоҳ ва Спитамен буданд. Ҳамзамон аз шумораи умумии пурсидашудагон 3 нафарашонро сокинони шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ ташкил медоданд.
Маълум гардид, ки сабаби асосии мардикорӣ кардани ин шахсон надоштани ҷои кори доимӣ мебошад. Бозори мардикорон ҳамарӯза аз соати 6-00 саҳар оғоз ёфта, шахсони кордиҳанда мардикоронро худашон ба ҷои кор мебаранд ва хӯрокашонро таъмин менамоянд. 
Маоши якрӯзаи онҳо ба ҳисоби миёна аз 50 то 80 сомониро ташкил медиҳад. Устоҳо ва онҳое, ки ҳамчун бригадири гурӯҳ фаъолият мебаранд, музди бештар мегиранд. Мардикорон новобаста ба касбу ҳунар доштан ё надоштанашон корҳои гуногунро иҷро менамоянд. Вале аксарияташон борфурориро аз корҳои сохтмонӣ беҳтар медонанд.
Пурсиши гузаронидашуда нишон дод, ки аз 30 нафари пурсидашуда 18 нафараш соҳиби ихтисос ва касбу кори муайян мебошад. Вале на ҳамаи онҳо мувофиқи ихтисосу касбашон дар маҳалли зисти худ, ҳамчунин дар мардикорбозор ҷои кор меёбанд.
Аз ҷумлаи шахсони пурсидашуда қаблан 26 нафараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт. Пурсиши гузаронидашуда ҳамзамон нишон дод, ки 9 нафар соҳиби хоҷагии деҳқонӣ мебошад. Баъди анҷоми корҳои баҳорӣ ҳоло дар хоҷагӣ кори бисёр надоранд ва барои бекор нагаштан мардикорӣ мекунанд.
Оид ба марказҳои таълимӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ва касбомӯзию шаҳодатномакунонии малакаҳо низ ба мардикорон маълумоти муфассал дода шуд. 2 нафар бо хоҳиши худ барои бо ҷои корӣ доимӣ таъмин гардидан ва 1 нафар барои касбомӯзӣ номнавис шуданд.
Ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ, Б.Ғафуров, Спитамен, Ҷ.Расулов, Мастчоҳ ва Зафаробод аз ҷониби шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати муайян намудани бозорҳои мардикорон корбарӣ гардид. Муайян гардид, ки мардикорон асосан барои кор ба шаҳри Хуҷанд меоянд. Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гузаронидани мониторинг дар бозори мардикоронро минбаъд низ идома диҳад.
 
 

Май 14, 2015 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд