Муҳоҷири бемор ба Ватан фиристода шуд
Душанбе, 22.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират шоми 20 май муҳоҷири меҳнатӣ Очилов Абдунабӣ Расулович тавассути ҳавопаймои хатсайри «Самара Хуҷанд» ба Ватан фиристода шуд.Назар ба иттилои сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов, як рӯз пештар сокини 40 солаи шаҳри Исфара дар аризааш унвонии корманди намояндагӣ хоҳиш намуда буд, ки барои баргаштан ба Ватан ба вай ёрӣ расонанд. А.Очилов зимни суҳбат бо корманди мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон изҳор дошт, ки аз ин пеш дар ширкати сохтмонии «Росэкспорт» — и шаҳри Самара кор мекард. Вале бинобар бад шудани вазъи саломатиаш вақтҳои охир бекор буда, барои баргаштан ба Ватан маблағу имконият надорад.«Ҳамдиёрони мо дар Русия анъанаи неке доранд, ки дар вазъияти мураккаб ба якдигар дасти ёрӣ дароз кунанд. Коргарони бозори «Кировский» — и шаҳри Самара ба муҳоҷири бемори меҳнатӣ ёрии молиявӣ расонида, барои бозгашти ӯ ба Ватан чиптаи тайёра хариданд», — гуфт Иброҳим Аҳмадов.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






