Муҳоҷирон бақияи маошашонро гирифтанд
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Чанде пеш бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР 990 ҳазор рубли маош, ки пардохт нашуда буд, дастраси муҳоҷирони меҳнатӣ гардид.
Аз ҷумла, ба гурӯҳи сохтмончиёни тоҷик, ки дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Викос» кор мекарданд, 650 ҳазор рубл пардохта шуд. Чанде пеш муҳоҷир — сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Раҷабалӣ Қосимов дар бораи пурра пардохт нашудани маошаш ба унвони намояндагӣ ариза навишта буд. Ба гуфтаи номбурда гурӯҳи сохтмончиён дар давраи аз моҳи июл то моҳи декабри соли 2014 ҳаҷми муайяни корҳои сохтмониро ба ҷо оварда, вале баъди анҷоми кор роҳбарияти ташкилоти сохтмонӣ бо баҳонаҳои гуногун пардохти маошашонро ба таъхир мегузошт.
Сокинони ноҳияи Нуробод Сангов Маҳмадалӣ ва Сафаров Муродалӣ, ки дар Ҷамъъияти масъулияташ маҳдуди «Строй -Сервис» кор мекарданд, 290 ҳазор рубли пардохтнашдаи маошашонро гирифтанд.
Ғайр аз ин ба Санавбар Сафарова, Фирӯза Мирзомуддинова, Гулнора Одинаева ва Мамлакат Имомова, ки дар муассисаҳои гуногуни хӯроки умумии шаҳри Екатеринбург кор мекарданд, қарзи маошашон ба маблағи умумии беш аз 160 ҳазор рубл пардохта шуд.
Дар ин бора сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






