Муҳокимаи ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахши ҳавопаймоӣ
Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанде пеш директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов ва директори иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Райнер Линднер дар шаҳри Душанбе дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахши хидматрасонии ҳавопаймоиро муҳокима намуданд.Тавре ки сухангӯи фурудгоҳи байналмилалӣ Маҳмадюсуф Шодиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳайати Олмон, ки барои иштирок дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Душанбе ҳузур дорад, бо терминали нави фурудгоҳи байналмилалӣ шинос шуд.Ҷонибҳо ҳамкории минбаъда дар бахши хидматрасонии ҳавопаймоӣ, аз чумла масоили ҳифзи табиат, ҷамъоварӣ ва безараргардонии партовҳои истеҳсолот, бунёди марказҳои хидматрасонӣ ҷиҳати ҳифзи табиат дар фурудгоҳи пойтахтро баррасӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати DPU investment GmbH Олмон 18 май дар шаҳри Душанбе Ёддошти ҳамкорӣ дар бахши сохтмони Маркази интиқоли бори фурудгоҳи пойтахтро ба имзо расониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






