Муҳокимаи масъалаи хавфи ифротталабӣ дар Кӯлоб

Май 5, 2015 15:17

Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).- Бо  ибтикори  Вазорати  корҳои дохилӣ  якҷоя  бо   Кумитаи  кор  бо  ҷавонон,  варзиш ва  сайёҳии  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ҳамчунин  бо иштироки намояндагони  ҷавонону  донишҷӯёни  саросари  кишвар  11 майи  соли  2015  дар  шаҳри  Кӯлоб  семинари илмию  амалии ҷумҳуриявӣ  дар  мавзӯи «Ҳамкории  мақомоти  корҳои  дохилӣ  бо  ҷавонон  барои  рафъи ғояҳои  ифротталабӣ» баргузор  мегардад.
Назар ба  иттилои ВКД ҶТ,  дар  кори  семинар  намояндагони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ, вазоратҳои  меҳнат,  муҳоҷират ва  шуғли  аҳолӣ,  маориф  ва  илм,  кумитаҳои кор  бо  ҷавонон,  варзиш  ва  сайёҳӣ,  занон  ва  оила,  дин, танзими  ҷашну  маросим,  ҳамчунин  созмонҳои  байналмилалӣ,  ҷамъиятӣ ва  ВАО  иштирок  менамоянд.

Май 5, 2015 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш