Муҳокимаи масъалаи ислоҳоти милиса
Душанбе, 13.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои ҷамъиятии мададгори ҷомеаи шаҳрвандии ислоҳоти милиса баргузор гардид.Назар ба иттилои ВКД ҶТ, дар ҷаласа ҳамоҳангсози миллии ислоҳоти милиса А.Бобоназарзода, афсари калони бахши алоқа оид ба масоили ислоҳоти милисаи дафтари САҲА дар Тоҷикистон Х.Маҳмадиев, раиси Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД А.Сафаров ва муовини номбурда М.Боймуродова, ҳамчунин аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ширкат доштанд.Дар ҷараёни ҷаласа масоили баррасӣ ва тасдиқи нақшаи солонаи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ ва Кодекси одоби аъзои он мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Бинобар дар ҷараёни муҳокимаи ҳуҷҷати зикршуда ба миён гузоштани пешниҳоди мухталиф, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ тасмим гирифт, ки лоиҳаҳо ҳафтаи оянда ба таври илова баррасӣ шаванд.Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар муҳокимаи масъалаҳои ба миёнгузошташуда фаъолона иштирок карда, пешниҳодҳои худро ироа намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






