Муҳокимаи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва БРО
Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев бо намояндагони Бонки рушди Осиё бо роҳбарии Рубен Баретто баргузор гардид.
Тавре ки аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо масоили ҷории иқтисодӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди байни Тоҷикистон ва БРО, ҳамчунин дурнамои барномаи ислоҳот ва мақоми татбиқи чорабиниҳо мутобиқи ҷадвали Ёддошти байни Ҳукумати ҶТ ва Бонки рушди Осиёро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили марбут ба дурнамоҳо ва тадбирҳои гуногун дар мавриди ҳамкории мутақобилан муфид низ баррасӣ шуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






