Муҳокимаи масоили ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо
Душанбе, 19.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбари намояндагии Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба умури гурезаҳо дар Тоҷикистон Кевин Аллен баргузор гардид.
Мувофиқи маълумоти ВКД ҶТ, ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар бахши ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо, ашхоси паноҳҷӯянда ва бетабаиятро муҳокима намуданд.
Р.Раҳимзода изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили гурезаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон чораҳои зарурӣ мебинад. Дар робита бо ин, мақомоти корҳои дохилӣ омодаанд, ки дар ин самт бо намояндагии раёсати Комиссари олии СММ дар ҳошияи қонунгузорӣ ҳамкорӣ намоянд.
Дар анҷоми мулоқот Кевин Аллен барои ҳамкории мутақобилан муфид бо ВКД ҶТ изҳори миннатдорӣ кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






