Муҳокимаи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Беларус
Душанбе, 14.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — 12 май дар шаҳри Минск мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо вазири адлияи Беларус Олег Слижевский баргузор гардид. Тавре ки аз сафорати Тоҷикистон дар Беларус ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот вазъу дурнамои ҳамкории дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифта, ба ҷараёни татбиқи паймонҳо дар сатҳи баланд ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2014 ба Беларус таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Сафири Тоҷикистон изҳор дошт, ки барои рушду густариши равобити дуҷонибаи кишварҳои дӯст — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус заминаи устувори шартномавию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, ки борат аз 60 шартномаю созишномаҳои амалкунандаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ мебошанд. Вазири адлияи Беларус қайд намуд, ки байни вазоратҳои адлияи Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои судманд барқарор гардида, Созишномаи соли 2012 баимзорасидаи ҳамкории байни ду вазорат ба робитаҳои мо қувваи нав бахшида, ба таври судманд амалӣ мешавад. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин перомуни масоили дигаре, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, табодули афкор намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






