Муаррифии дастовардҳои фарҳангии Туркманистон
Душанбе, 13.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар доираи ҳафтаи дӯстии мардумони тоҷику туркман дар Душанбе бо ибтикори Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барномаи консертии устодони санъати Тоҷикистону Туркманистон ва намоиши ҳунарҳои мардумии халқи туркман доир гардид. Аз Сафорати Туркманистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин чорабинии фарҳангӣ дар доираи таҷлили 20-умин солгарди бетарафӣ ихтиёр кардани Туркманистон созмон дода шуда, он дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯсту бародар — Тоҷикистону Туркманистон нақши муассир хоҳад гузошт. Дар чорабинии фарҳангӣ ҳамзамон китобҳои Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, осори шоирони классик ва муосири Туркманистон, инчунин китобу маҷаллаҳои мухталиф, ки муаррифгари таърих, фарҳанг, табиат ва ҳаёти муосири ин кишвари Осиёи Марказист, ба намоиш гузошта шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






