Муаррифии китоби хотироти ҷанговарон дар КМТ
Душанбе, 8.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дирӯз дар остонаи таҷлили 70-умин солгради пирӯзӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо талоши генерал Абдулло Ҳабибов ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо китоби хотироти ҷанговарон аз пойтахти кишвар бо номи “Аскарони ғалаба” бо ҳузури густардаи хонандагон дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки китоб хотираи беш аз 90 ҷанговар, фотеҳони ҷангро гирд овардааст. Пирони нуронӣ, ки ҳар кадом акнун дар остонаи баҳори 90-уми умр қарор доранд, лаҳзаҳои хонданиву шуниданиеро аз он рӯзгори басо мудҳиш ҳикоят кардаанд.
Ҳамчуноне муаллифон дар муқаддимаи китоб овардаанд, аз санаи Ғалабаи халқи шўравӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳар қадар дуртар равем, ҳамон қадар қаҳрамониҳои онон шоҳидони даҳшатҳои он рўзҳои наҳс ҳам, мутаассифона камтар мегардад. Аз тарафи дигар, насли оянда бояд ин пораи даҳшатноки таърихро ҳамеша дар ёд дошта бошаду аз он хулосаи зарурӣ барорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






