Мулоқот бо ҳайати ВКХ Австралия дар ВКХ ҶТ
Душанбе, 29.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 26 майи соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқот бо ҳайати Австралия бо роҳбарии муовини сафири ин кишвар дар Маскав Мелисса О’Рурк баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрии ҳайат бо раҳбарони раёсатҳои дахлдори ВКХ Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба, иштироки Австралия дар татбиқи лоиҳаҳои мухталиф дар бахшҳои иҷтимоӣ, вазъияти Афғонистон ва роҳҳои муассири мубориза бар зидди чолишҳои амнияти минтақавӣ, ба хусус терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шуданд.
Дар атрофи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






