Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 04.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо супориши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бо шароити кор ва зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хоҷагиҳои парвариши сабзавоти Ҷумҳурии Бошқирдистон кор мекунанд, шинос шуданд.
Назар ба иттилои котиби матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмадов, Агентии ба кор таъминкунанда дар хориҷи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ 80 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар хоҷагии кишоварзии «Идел» — и ноҳияи Кушнаренко бо кор таъмин карда шуданд.
Зимни суҳбат бо муҳоҷирони меҳнатӣ маълум шуд, ки ҳамаи онҳо дар асоси қонун кор карда, бо манзил ва хӯроки севақта таъмин шуда, музди меҳнаташон сари вақт пардохта мешавад.
Ба гуфтаи роҳбари хоҷагии мазкур Илдус Шокиров, музди меҳнати якмоҳаи ҳар коргар то 30 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш думаи вилояти Воронеж пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирони меҳнатии бахши кишоварзӣ аз имтиҳоноти забони русӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таърихи Русия, ки ҳангоми гирифтани патентҳо заруранд, озод карда шаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






